Template:Copyright by Wikimedia/tg

From Wikimedia Commons, the free media repository
Jump to: navigation, search
© © & ™ All rights reserved, Wikimedia Foundation, Inc.

This image (or parts of it) is copyrighted by the Wikimedia Foundation. It is (or includes) one of the official logos or designs used by the Wikimedia Foundation or by one of its projects. Use of the Wikimedia logos and trademarks is subject to the Wikimedia trademark policy and visual identity guidelines, and may require permission.


Беларуская (тарашкевіца)‎ | বাংলা | Català | Čeština | Словѣньскъ / ⰔⰎⰑⰂⰡⰐⰠⰔⰍⰟ | Deutsch | Ελληνικά | English | Esperanto | Español | Euskara | فارسی | Suomi | Français | Galego | Magyar | Հայերեն | Bahasa Indonesia | Italiano | 日本語 | 한국어 | Lietuvių | Македонски | മലയാളം | Plattdüütsch | Nederlands | Occitan | Polski | Português | Română | Русский | Slovenščina | Српски / srpski | Svenska | Тоҷикӣ | ไทย | Türkçe | Татарча/tatarça | Українська | Tiếng Việt | Yorùbá | 中文 | 中文(简体)‎ | 中文(繁體)‎ | +/−

Wikimedia-logo.svg

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рӯзҳои ид

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , соли 1995, №21, мод. 237; соли 1998, №10, мод.125, №23-24, мод. 338; соли 1999, №5, мод.76, №12, мод.308; соли 2002, №4, ќ-1, мод.191, мод.194, мод.197; соли 2003, №4, мод.132, №8, мод. 449, №12, мод. 678; соли 2004, №5, мод. 350, №12, ќ-1, мод. 697; соли 2005, №3, мод. 131, №12, мод. 658; соли 2008, №1, қ-2, мод. 9, №3, мод.188, №12, қ-1, мод. 988; соли 2009, №5, мод.319, №7-8, мод. 493, №11, мод. 698, мод. 699; соли 2010, №7, мод. 544, мод. 548)


Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи хоҳиши сершумори коллективҳои меҳнатӣ ва дархости Шӯрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо максади минбаъд такмил додани rонунгузории ҷорӣ қарор мекунад:

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерини ид қонунӣ гардонида шаванд:

1 январ - Соли Нав;

8 март - Рӯзи модар; (Қ ҶТ аз19.05.09с, №511)

21-24 март - Иди байналмилалии Наврӯз; (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №611).

1 май - Рӯзи байналхалқии якдилии меҳнаткашон;

9 май - Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

9 сентябр - Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

Иди «Рамазон» - ҳар сол як рӯз дар мавридаш;

Иди «Қурбон» - ҳар сол як рӯз дар мавридаш;

5 октябр - Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ; (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №615).

Иди «Меҳргон»

Иди «Сада»


2. Бо назардошти он ки оила дар тарбияи насли наврас, пойдор сохтани асосҳои ҷамъият ва мӯътадил гардонидани он аҳамияти зиёд дорад, ҳар сол 15 май ҳамчун Рӯзи байналхалқии оила ид карда шавад.

3. Бинобар хизматҳои бузурги мутафаккир, файласуф ва ҳакими номӣ Абӯалӣ ибни Сино ҳар сол 18 август ҳамчун Рӯзи таваллуди Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта шавад. Ин рӯз ҳамчун рӯзи касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шавад.

4. Ба муносибати хизматҳои навъу хелҳои қӯшун ва бинобар вазифаҳои бағоят муҳимро дар роҳи ҳифзи меҳнати осоиштаи халrи Тоxикистон ба xо овардани он ҳар сол рӯзҳои зерин ид карда шаванд:


Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23 феврал;

Рӯзи Қӯшини дохила - 10 апрел;

Рӯзи Қӯшуни Сарҳадӣ - 28 май;

Рўзи кормандони ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ -17 август;

Рўзи Гвардияи миллӣ - 3 сентябр. (Қ ҶТ,28.06.11с,№729).


5. Ба нишони қадрдонии хизмати меҳнаткашони соҳаҳои дахлдори халқ ва соҳаи фаъолият ҳар сол рӯзҳои зерин ҷашн гирифта шаванд:

Рӯзи кормандони гумрук - 22 январ;

Рӯзи милиса - 6 феврал;

Рӯзи матбуот - 11 март;

Рeзи зиёиёни эҷодкор - 20 март;

Рeзи геологҳо - якшанбеи якӯми моҳи апрел;

Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе – шанбеи сеюми моҳи апрел; (Қ ҶТ аз 01.03.05с, №91)

Рӯзи илми тоҷик - якшанбеи сеюми моҳи апрел;

Рӯзи байналмилалии моликияти ақлӣ - 26 апрел;

Рӯзи радио, иди кормандони тамоми соҳаҳои алоrа - 7 май;

Рӯзи Шашмақом - 12 май;

Рӯзи кимёгарон - якшанбеи охирини моҳи май;

Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон - 23 май;

Рӯзи адвокатҳо - 26 май;

Рўзи байналмилалии њифзи кӯдакон – 1 июн;

Рӯзи кормандони савдо, адои хизмати маишии аҳолӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ - якшанбеи якӯми моҳи июн;

Рўзи байналмилалии муҳити зист – 5 июн; (Қ ҶТ аз 20.03.08с, №367)

Рӯзи кормандони саноати сабук - якшанбеи дуюми моҳи июн;

Рӯзи мелиоратсия - якшанбе охирини моҳи июн;

Рӯзи байналхалқии кормандони кооператсия - 6 июл;

Рӯзи маъюбон ва пиронсолон – 8 июл.

Рӯзи моҳигирон - якшанбеи дуюми мо[и июл;

Рӯзи металлургҳо - якшанбеи сеюми моҳи июл;

Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилb - 25 июл;

Рӯзи сӯхторнишонb ва умури наҷот аз фалокат - 30 июл;

Рӯзи кормандони роҳи оҳан – 17 август;

Рӯзи кормандони сохтмон - якшанбеи дуюми моҳи август;

Рўзи ихтироъкор ва навовар – якшанбеи сеюми моҳи август;

Рӯзи ангиштканҳо - якшанбеи охирини моҳи август;

Рӯзи варзишгарон - 10 август;

Рӯзи амалиёти иттифоrҳои касаба барои сулҳ - 1 сентябр;

Рӯзи дониш - 1 сентябр;

Рӯзи авиатсия - 3 сентябр;

Рўзи китоб – 4 сентябр; (Қ ҶТ аз 5.01.08с, №343)

Рӯзи кормандони саноати нефту газ - якшанбеи аввали моҳи сентябр;

Рӯзи роҳсозон - якшанбеи дуюми моҳи сентябр;

Рӯзи Рeдакb-22 сентябр;

Рӯзикормандони ҷангал - якшанбеи сеюми моҳи сентябр;

Рӯзи мошинсозҳо - якшанбеи охирини моҳи сентябр;

Рўзи Мавлоно Љалолиддини Балхӣ - 30 сентябр; (Қ ҶТ аз 19.11.09с, №562)

Рўзи кишоварзӣ - 8 октябр; (Қ ҶТ аз 5.08.09с, №538)

Рӯзи омӯзгорон - якшанбеи якӯми моҳи октябр;

Рӯзи кормандони адлия ва суд - якшанбеи дуюми моҳи октябр;

Рӯзи кинои тоҷик - 16 октябр;

Рӯзи театри тоҷик - 7 ноябр;

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24 ноябр; (Қ ҶТ аз 19.11.09с, №563)

Рӯзи кормандони Прокуратура - 14 декабр;

Рӯзи энергетикҳо - 22 декабр;

6. Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои корӣ нестанд:

1 январ, 8 март, 21-24 март, 1 май, 9 май, 27 июн, 9 сентябр, 6 ноябр, Рамазон - ҳар сол як рӯз дар мавридаш, Қурбон - ҳар сол як рӯз дар мавридаш.

7. Дар Рӯзҳои ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

8. Ба муносибати Рӯзҳои ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ш. Душанбе, 3 ноябри соли 1995, № 98

Пайвандҳо[edit]