Commons:Такзибномаи умумӣ

From Wikimedia Commons, the free media repository
Jump to navigation Jump to search
  Абуабдуллоҳ Маҳаммад ибни Ҳусейн ибни Ҳасани Таймии Бакрии Табаристони Розӣ (ابوعبدالله محمد بن عمر بن حسین بن حسن تَیْمیِّ بَکْریِّ طبرستانی رازی), фақеҳ, мутакаллим, файласуф, муфассир ва ҳакими мусалмони тоҷик, ки дар соли 1149 мелодӣ (544 ҳ.қ.) дар Рой таваллуд шудааст ва соли 1209 мелодӣ (606 ҳ.қ.)дар Ҳирот вафот кардааст. Намояндаи маъруфи каломи ашъарӣ ва муҷаддиди замони худ мебошад. Дар дарбори Ғурияён ва Хоразмшоҳиён хизмат кардааст. Бо намояндагони мӯътазила,ҳанбалиҳо, исмоилия ва қарматиҳо баҳсҳо оростааст. Тафсири нотамоми Муфотеҳ-ул-Ғойб ба ӯ таллақ дорад, ки ҷавобан ба тафсири Замахшарӣ навишта шудааст.
  Лақаба Фахриддин аст ва ба Имом Розӣ ё Имом Фахриддини Розӣ низ шуҳрат дорад. Ӯ дар илмҳои ақлӣ ва нақлӣ, таърих, калом, фиқҳ, усул ва улуми адабии асри худ тасаллати комил доштааст. Китобҳояш дар даврони ҳаёташ бисёрмавриди истиқбол қарор гириф ва ба унвони китоби дарсӣ аз онҳо истифода мешуд. Падараш Зиёиддин Умар ибни Ҳусейни Розӣ Омилӣ  худ аз бузургони илм ва ирфон буд, ки аз Омил (маркази Табаристон)ба Рой сафар кардааст.

Зиндагинома Барҷастатарин давраи зиндагии Имом Фахриддини Розӣ дар шаҳри Ҳирот буда, дар дарсҳоя бештар аз двоздаҳ нафар донишманд иштирок мекарданд ва ҳатто дар сафарҳояш низ беш аз сесад нафар фақеҳон ва шогирдонаш барои баҳра бурдан аз донишаша ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Вай дар усул ва калом мазҳаби Ашъарӣ ва дар фуруъ ва фиқҳ мазҳаби шофеӣ дошт. Барои фарогирии илм ва тадрис ба шаҳрҳои бузург ва марказҳои илмӣ аз ҷумла Хоразм сафар кард. Дар он ҷо бо мӯътазила ба баҳс ва муҷодала афтод ва саранҷом аз онҷо ихроҷ шуд. Баъдан ба Мовароуннаҳр ва шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва чандин шаҳри дигар бо фақеҳон ва олимон мунозироте кард ва бар ҳама боло (ғолиб) омад ва ҳеҷ касро тоқати баҳс бо ӯ набуд. Гоҳе дар мубоҳиса тунд мешуд ва бадгуи мекард. Ӯ суханрони моҳир ва мавриди эҳтироми фавқуллода подшоҳон ва ҳакимони замони худаш буд. Сарвати зиёде дошт. Дар илмоҳои фиқҳ, тафсир, калом, фалсафа, тиб ва риёзиёт ошноӣ дошт ва дар тамомӣ ин заминаҳо таълифоте дорад, ки таълифоташ низ мисли худаш шуҳрат ва аҳамияти зиёде пайдо кард ва дар саросари мамлакатҳоии исломӣ мавриди баҳс ва таҳқиқ фаро гирифт. Имом Фахри Розӣ дар охири зиндагиаш дар Ҳирот зистааст. Дар он замон Ҳирот низ дар тасарруфи Муҳаммади Хоразмшоҳ буд.

Сафар Аз ҷумлаи сафарҳои муҳими ӯ сафар ба Хоразм буд, ки дар онҷо ба тарафдорони ақидаи мӯътазила сахт даргир шуд ва қудрати гурӯҳе аз доиёни миқими Хоразмро ба хатар афканд. Пас аз пирузи Имом Фахридини Розӣ, заминаи таҳрики омма фароҳам омад ва эҳтимоли барпо шудани фитна ва ошуби мардум, ҳокими Хоразмро ба ваҳшат афканд. Ногузир аз ҳимояташ даст бардошт ва аз Хоразм ихроҷаш кард. Пас аз он роҳи Мовароуннаҳр (Фароруд)-ро дар пеш гирифт. Дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд, Хуҷанд ва Бнокат (эҳтимол Буншикант - маркази Иструшана воқеъ дар маркази ноҳияи Шаҳристони феъли бошад) бо олимон ва фақеҳони саршинос ба мубоҳиса ва мунозира пардохт. Аз ҷумла: бо Ризоиддин Нишопурӣ, Рукниддин Қазвинӣ ва Шарафиддин Масъудӣ дар маҷлиси умуӣ ба ҷадал ва мунозира нишаст ва ҳамагон чира шуд. Дар соли 582 ҳ.қ. (1203 мелодӣ) ситорашиносон (ахтаршиносон)-и Самарқандӣ ва тарафдорони аҳкоми нуҷум пешбинӣ карда буданд, ки дар ин сол дар бурҷи мизон туфоне аз бод рух менамояд, ки шаҳрро зер ва забар мекунад. Имом Фахриддин бо Шарафиддин Масъудӣ дар мавриди бутлони ҳукми мунаҷҷимон ба мубоҳиса нишаст ва саранҷом бар вай пируз шуд ва бар мунаҷҷимон ва ба таври куллӣ ба аҳком нуҷуме хатти бутлон кашид.